ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Конференсияи 29-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нохияи Ҷайҳун дар маҷлисгоҳи Беморхонаи марказӣ аз рӯи ду масъала- омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби вакилон ба Конференсияи 13-уми Ҳизби Хилқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Конференсия таҳти раисии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод гузаронида шуда, дар кори Конференсия Ҳамидиён Илҳомҷон намояндаи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Хатлон Баҳриддинов Баҳманёр, Ҳасанзода Тағоймурод раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, Собирзода Диловаршо муовини аввали раиси ноҳияи Ҷайҳун иштирок доштанд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи кории Конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим баромад намуда, иброз дошт, ки моро дар пеш маъракаи муҳимми сиёсӣ -интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Аз ин рӯ, мо ҳизбиён дар интихоботи навбатӣ бо иродаи қавии сиёсӣ ва маърифати баланди шаҳрвандӣ иштирок намуда, ин маъракаи таърихиро сарбаландона ва дар доираи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи интихоботӣ доир менамоем.
Инчунин, оид рӯзномаи дуюми рӯзнома барои иштирок дар Конференсияи ХIII ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз ноҳияи Ҷайҳун вакилон иборат аз 10 нафар интихоб гардиданд.
Баъди муҳокима ва қабули қарорҳои дахлдор аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи Конференсия намояндаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Баҳридинов Баҳманёр баромад карда, иброз доштанд, ки қарорҳо ва масъалаҳое, ки дар Конференсия баррасӣ карда шуданд, ба манфиати кор ва пешрафти ҷомеа равона шудааст. Дар охир ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ дар барои омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.