БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУЗУРГТАРИН НЕЪМАТ БАРОИ ИНСОН ИН ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинии ҳизбӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, рафти коргузорӣ, муқоисакунонии аъзои ХХДТ, обунашавӣ ба ҳафтаномаҳои ҳизбии “Ҳамрози халқ” ва “Минбари халқ” ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ баррасӣ карда шуданд.

Зимнан дар рафти чорабинӣ масъулин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки бузургтарин неъмат барои инсон ин истиқлолияти давлатист. Мебояд шукрона кунем, ки истиқлолият дорем ва содиқ ба Ватани хеш хизмат карда, баҳри пойдории ин неъмати бебаҳо ҷаҳду талош варзем.

Вале, мутаасифона баъзе аз фарзандони Ватан, ки дар ин хоку дар ин марзу бум зиндагӣ доранд, аз хизмат ба Ватан сарпечӣ мекунанд. Аз хизмат ба Ватан рӯ  ба мардикорӣ ва муҳоҷират оварда, дар натиҷа фирефтаи гурӯҳҳои иғвоангезу ифротӣ, террористию экстремистӣ мегарданд. Фирефтаи гурӯҳҳое мегарданд, ки онҳо хиёнат ба давлату миллатро вазифаи аввалиндараҷа медонанд. Фирефтаи гуруҳҳое мегарданд, ки онҳо амнияту осоиштагии давлату миллатро намехоҳанд ва ҳамеша дар пайи ноором сохтани ҷомеа мебошанд. Зеро онҳо Ватан, модар, бародару хоҳар, ёру дӯстон, арзишҳои миллӣ, мукаддасот ва дастовардҳоро эътироф намекунанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg