Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Нишонзода Даврон, кормандони соҳаи тиб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ноҳия ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб баргузор гардид.
Ҷаласаи тантанавиро раиси ноҳия Нишонзода Даврон ифтитоҳ намуда, кормандони соҳаи тибро ба иди касбиашон табрику муборакбод намуд. Инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ализода Сураё дар ҷаласа баромад намуда, қайд кард, ки кормандони соҳаи тандурустӣ аъзои ҲХДТ мебошанд, ки дар амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳо ва кору пайкори созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ростои “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” ҷаҳду талош варзида истодаанд. Сипас, кормандони фаъоли соҳаи тиб, ки дар татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ саҳми назаррас доранд, бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.