БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар қасри фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо иштироки фаъолонаи вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  Конференсияи 16-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  баргузор гардид.

Конфересияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар кушода, ба рӯзномаи конференсия ду масъала омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби вакилон ба Конференсияи 13-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  пешниҳод карда шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар баромад намуд. Аз рӯи баромад Мирзоев Тоҷиддин, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ва Алиев Сафархон,  вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи фарҳанг” ба музокира баромаданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома бо пешниҳоди вакилон 7 нафар  вакил ба Конференсия 13-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб карда шуда,  аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар кори конференсия  Шаҳоббиддини Ёқубзод, мудири шуъбаи умумии назорат ва корҳои махсуси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Холиқзода Гулҷаҳон, мудири бахши корҳои махсуси Дастгоҳи  КИМ ҲХДТ, Холов Алишер, таҳлилгари маводҳои сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлони иштирок ва баромад карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg