БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарзанд азиз, одобаш аз ӯ дида азизтар…

ДӮСТӢ.  Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо сокинони  деҳаи Шаҳдрези ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ   вохӯрӣ доир намуданд.

 Масъулин зимни баромади хеш оид ба Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, қайд карданд, ки вазифаи қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Инчунин, масъулин зимни баргузории вохӯрӣ аз бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  иқтибосҳо оварда, таъкид карданд, ки ҳар яки моро зарур аст дар таълиму тарбияи фарзанд набояд беъэтибори зоҳир намоем. Ҳамеша дар ҳар давру замон дар пайи таълиму тарбияи фарзанд саъю кӯшиши беандоза намоем. Зеро тарбияи фарзанд масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg