
ДАНҒАРА. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфренсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи «Пешгирии терроризм ва экстремизми хушунатомез», ки ба аҳли ҷамотачигии кишвар ироа гардид, дар кӯчаи ба номи Р. Тағоеви ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин атрофи суханронии Пешвои миллат ба фаъолону зиёиён оид ба «Пешгирии терроризм ва экстремизми хушунатомез» ҳарф зада, аз ҷамъомадагон барои муборизаи беамон бурдан бар зидди гурӯҳу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, аз даст надодани зиракиву ҳушёрӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар аз омилҳои хатарзо даъват ба амал оварданд.
Дар фарҷом масъулин ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ кардани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, ки мақсаду маромаш созандагиву бунёдкорист, ба корҳои созандагиву ободонӣ раҳнамоӣ карданд.