БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ 14 – УМИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик Конференсияи 14-уми  ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи  Темурмалик баргузор гардид.

Дар Конференсияи мазкур  намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Шоҳиён Нуралӣ Набот ва раиси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз иштирок намуданд.

Дар конференсия ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроия дар бораи омодагии ташкилотҳои ибтидоӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида,  инчунин интихоби вакилон ба Конференсияи 13 – уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешниҳод карда шуд.

Аз  рӯи  масъалаи  якум  раиси   Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Темурмалик  Раҷабзода  Маҳмадсаид  Шералӣ  баромад  намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар баргузории маъракаи муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона саҳм гузоранд. Сипас,  Айниддини Аслиддин вакил аз ташкилоти ибтидоии “Темурмалик” ва Зуҳрои Маҳмадсаид вакил аз ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Кангурт”  ба  музокира  баромада,   дар бораи масъалаҳои болозикр  мулоҳизаронӣ карданд. Вобаста  аз  шумораи  аъзои ҲХДТ  6  нафар  ба  ҳайси  вакилони  Конференсияи  13 - уми   вилоятӣ  интихоб  гардиданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg