ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик машварати августии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии соҳаи маорифи ноҳияи Темурмалик доир гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид дар мавзӯи дастовард ва комёбиҳои аҳли маориф дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, кормандони соҳаи маорифро, ки масъулияти баланди таълиму тарбияи насли наврасро ба уҳда доранд, муборакбод намуд. Инчунин, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ба 6 нафар омӯзгороне, ки дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда доранд, бо сипоснома ва туҳфаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар баргузории чорабинии мазкур аз ҳисоби муассисаҳои соҳаи маориф вобаста ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, иштирокдорон аз ин намоишгоҳ дидан карда, ба худ ғизои маънавӣ гирифта, ба ҳунару маҳорати волои маорифчиён баҳои баланд доданд.
Дар анҷом бо суруду таронаҳои дилнишини Ансамбли тарона ва рақси “Бунафша” – и назди бахши фарҳанги ноҳияи Темурмалик хотири ҳамагон болида гардонида шуд.