БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР САТҲИ БАЛАНДИ СИЁСӢ ДОИР ГАРДИД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Конференсияи XVI-уми  ғайринавбатии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо иштироки намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар  ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Баҳриддинов Баҳманёр баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи маҷлис гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон дар бораи омодагиии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, баъд аз баромади музокирашуда  вобаста ба масъалаи болозикр қарорҳои дахлдор  қабул  гардиданд. Инчунин, дар кори конференсия масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи XIII-уми  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баррасӣ гардида, шахсони лоиқ ва фаъоли ҳизб ба ҳайси вакили Конференсияи вилоятӣ интихоб гардиданд.

Сипас, Шарофзода Гавҳар ва Баҳриддинов Баҳманёр ба сухан баромада, оид ба масъалаҳои рӯзномаи конференсия ва омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намуда, иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани  ҳадафҳоии созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg