БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ГУРӮҲИ ТАШАББУСКОР ХОТИРМОН АНҶОМ ЁФТ

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо аъзои гурӯҳи ташаббускори назди Кумитаи иҷроияи ноҳия мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабова Гулсунбӣ ва мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳия Абдулло Раҷабов иштирок ва суханронӣ намуданд.  Дар суҳбат аз ҷониби шахсони масъул  доир ба ҷоннок намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ, инчунин миёни сокинон пурзӯр намудани корҳои оммафаҳмонӣ  бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва истифодаи оқилонаи замин мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  ба иштирокдорон ҷиҳати иштироки фаъолона намудан дар  чорабиниҳои ҳизбӣ, аз ҷумла маъракаи муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳатҳои судманд дода шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg