
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Конференсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Левакант баргузор гардид. Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалом, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷафар, раиси собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Исмоил Шафиев, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, фаъолон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Конференсия тибқи рӯзномаи тасдиқшуда масъалаҳои омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби вакилон ба Конференсияи XIII ҲХДТ дар вилояти вилояти Хатлон аз шаҳри Левакант мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ҷараёни баргузории Конференсияи ХIII ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз шаҳри Левакант низ вакилон иборат аз 9 нафар пешниҳод ва интихоб гардиданд.
Конфренсия бо тартиби расмии пешбинишуда ба кори худ анҷом пазируфт.