
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз тарафи масъулини ҳизбӣ бо маром идома ёфта истодааст.
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Кафолат" бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин мулоқот доир гардид.
Зимни суҳбат атрофи масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷроиши саривақтии обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, ҳушдор намудан ҷиҳати пешниҳоди сарвақтии мақолаву андешаҳо ва вокунишҳо барои пурра сохтани фазои иттилоотии мамлакат, иштирок дар маъракаҳои муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи Президентӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуд.