БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОНФЕРЕНСИЯ ВАКИЛОН ПЕШБАРӢ ГАРДИДАНД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар  маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Қубодиён  Конференсияи XV-уми ҲХДТ  доир гардид, ки дар кори он Файзуллозода Зафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси   Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асроров  Саидшо мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси ноҳия Шарипова Тоҷинисо, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия  Саидмуродов Шодӣ иштирок доштанд.

Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб оғоз карда, дар бораи омодагии ташкилотҳои ибтидоӣ  ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии  нақшаи обуна  ба нашрияҳои  ҳизбии “Минбари халқ” ва Ҳамрози халқ”  ва пурзӯр кардани фаъолияти ҳизбӣ дар давраи маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, қайд кард, ки яке аз маъракаи муҳими сиёсӣ дар  соли 2020 интихобот ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки баргузории он диққати тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст.

Дар идома Файзуллозода Зафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси   Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асроров  Саидшо мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба мақсаду мароми  баргузории конференсияи ҳизбӣ суханронӣ карда, зикр намуданд, ки бори дигар ба мо фаъолони ҳизб имкон фароҳам меорад, ки самтҳои мухталифи ҳаёти ҳизбиро таҳлил, баррасӣ ва натиҷагирӣ намуда, монеаҳои ҷойдоштаро бартараф ва вазифаҳоро дар пешорӯи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои минбаъд дар асоси усули ҳамрайъии ҳизбӣ муайяну мушаххас намоем.

Бояд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нисбат ба дигар ҳизбҳои сиёсӣ бо нуфуз ва пешқадам буда, ҳамеша дар канори халқ аст. Дар амалӣ шудани ҳадаф ва мақсадҳои дар пешгузоштааш сайъ намуда, зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» дар пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзанда мегузорад. Инчунин, дигар баромадкунандагон низ  фикру андешаҳои хешро  оид ба масъалаҳои болозикр  баён карда, аз рӯи масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg