БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ 16-УМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон  бо иштироки 155 вакил аз 148 ташкилотҳои ибтидоӣ Конференсияи 16-уми ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  баргузор гардид. Аз шумораи  умумии 155 нафар вакилон 28 нафар бори аввал вакили  Конференсия интихоб шуданд.

Дар Конференсияи 16-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон  Азимзода Толибхон Ситамурод намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Ёвон-29”, Идиев Бобоҷон намояндаи вилоятии ҲХДТ, мутахассиси ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар  Конференсия  2 масъала- омодагиии ташкилотҳои ибтидоӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби  вакилон ба Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон баррасӣ карда шуда, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматуллоев Мақсуд гузориши муфассал дод.  Сипас,  Файзиддини Муҳамадӣ вакил аз ташкилоти ибтидоии “Баҳористон”, Мусулмонова Манижа   вакил аз ташкилоти ибтидоии “Ғаюр-1”, Буриев Маҳмаддовуд вакил аз ташкилоти ибтидоии “Соҳаи тандурустӣ”, Темурзода Фарзона вакил аз ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”, Валиев Гурез раиси ташкилоти ибтидоии “Чойхона”, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Ёвон-29” Азимзода Толибхон Ситамурод, намояндаи вилоятии ҲХДТ, мутахассиси ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва муовини раиси ноҳия Саидзода Гулрухсор Гурез суханронӣ намуданд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия оид ба пешбарии вакилон ба Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ба сухан баромада, тибқи рӯйхат номзадии 22 нафар вакилонро пешбарӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg