БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТИ ПУРСАМАР БА ХОНАДОНИ МО ФАЙЗУ БАРАКАТ МЕОРАД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Файзи Замин” хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шаҳрвандон аз мавҷи дуюми коронавирус ва истифодаи самараноки замин доир гардид. Дар рафти суҳбат бо сокинон  масъулин  таъкид намуданд, ки ҳифзи солимии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст ва ҳар яки моро зарур аст дар ин давраи ҳассоси зиндагӣ ба қоидаҳои беҳдошти рӯзгор, гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоем, худ ва дигаронро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем. Инчунин, дар идомаи суҳбат намояндагони ҳизбӣ вобаста ба ҷалби сокинон ба корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки  меҳнати софдилона дар замин ба хонадони мо файзу баракат оварда, рӯзгорамонро  бо маводи ғизоӣ  таъмин месозад. Дар охир ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg