ВАХШ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Телеком" оид ба тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид,ҷамъомад доир карда шуд.
Дар ҷамъомади мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш иштирок дошта, зикр намуданд, ки кишвари мо воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо ва афсонавӣ буда, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи рушду нумӯъ ва пешрафти кишвар мебошад ва аз манфиат холӣ нест, аз ҷумла бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон ба меҳмонони хориҷӣ мебошад. Чунин вохӯриву ҷамъомадҳо дар худуди ноҳияи Вахш бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бомаром идома доранд.