
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои вобасташуда бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаи ба номи Садриддин Айнии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Дар чорабинии мазкур масъулин барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши шаҳрвандон, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ маслиҳатҳо дода, сарчашмаҳои пайдоиш, роҳҳои гузариш ва роҳҳои пешгирӣ аз коронавирусро ба дарки ҳамагон расониданд.
Сипас, ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас гардонида шуд.