БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ ФАЪОЛОН БО ИФТИХОРНОМАҲО ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 Конференсияи XVI-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид. 

Дар кори Конференсия  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, мудири бахши САҲШ-и ноҳия Файзулозода Мавлуда, мудири хонаи методии Шуъбаи маорифи ноҳия Гулмадова Амина, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорони ҳизб ва фаъолони ноҳия иштирок  намуданд.

Рӯзномаи Конференсия аз рӯи ду масъала- омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  интихоби вакилон ба Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон  баррасӣ гардиданд.

Аз рӯи масъалаи якум муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ баромад намуда,  қайд кард, ки мо дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Мо аъзои ҲХДТ бо ирода ва азму талошҳои созандаву бунёдкорона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагии ҷиддӣ мебинем. Вазифаи мо таъмини шароити мусоид барои интихоботи Президентӣ мебошад.

Сипас, барои  иштирок дар Конференсияи XVI  ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  13 нафар вакилон интихоб ба Конференсияи 13-уми  ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешниҳод гардиданд.

Баъди анҷоми Конференсия ба фаъолон ва собиқадорони ҳизб ифтихорнома ва  ба аъзои нави ҳизб билети ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg