БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ XXII ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР ШУД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар Кохи Ватани шаҳри Бохтар бо иштироки  вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Конференсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир гардид. Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.

Рӯзномаи Конференсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аз ду масъала омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбарии вакилон ба Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон иборат буд. Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло баромад намуда, кайд кард, ки аз интихобот то интихобот 7 сол сипарӣ гардид. Дар ин марҳила таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр дигаргуниҳои азиме дар кишвар ба вуқӯъ пайвастанд, ки назирашро сокинони мамлакат дар ёд надоранд. Мусаллам аст, ки дар самти нигоҳдошт ва афзун намудани ин дастовардҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ  ҳизбиёни шаҳри мо низ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.

 Сипас, Миралиён Қиёмиддин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон доир ба масъалаҳои муҳокимашаванда, аз ҷумла  омодагии ҳизбиён ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва ғайраҳо ибрози ақида карда, аз ҳамагон ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва иҷрои саривақтии нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ даъват ба амал овард. 

Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи Конференсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ба як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии соҳаи тандурустӣ  барои саҳм гузоштан дар татбиқи ғояҳои   созандаи ҲХДТ Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар супорида шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg