Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинолхти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки 221 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Конференсияи 13-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид.
Дар кори Коференсия намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султон, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Зебо Бозорова иштирок дошта, дар ҷараёни Конференсия масъалаҳо вобаста ба омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакилон ба Конференсияи 13-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.