БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ XXIX-УМИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЙҲУН. Санаи 17-уми августи соли 2020 Конференсияи 29-уми Кумитаи ичроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон, дар нохияи Ҷайҳун дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии ноҳия аз рӯи ду масъала:  Дар бораи омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби  вакилон  ба  Конференсияи  13-уми  Ҳизби  Хилқии Демократии  Тоҷикистон дар  вилояти  Хатлон баргузор гардид. Конференсия таҳти раисии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод гузаронида шуд.

Дар кори Конференсия Ҳамидиён Илҳомҷон намояндаи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва таҳлилии КИ ҲХДТ дар вилоят Хатлон Баҳридинов Баҳманёр, Ҳасанзода Тағоймурод – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Ҷайҳун, Собирзода Диловаршо – муовини аввали раиси ноҳияи Ҷайҳун иштирок доштанд.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайатҳои раёсат, котибот, тасдиқи регламент ва рӯзномаи маҷлис вакилон ба кори Конеференсия оғоз бахшиданд.

Чигунае дар боло зикр намудем, ба рӯзномаи кории Конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд;

1. Дар бораи омодагии ташкилотхои ибтидоии ҲХДТ ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон.

2. Дар бораи интихоби вакилон ба Конференсияи 13-уми ХХДТ дар вилояти Хатлон аз нохияи Ҷайҳун.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи кории Конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим баромад намуда, иброз дошт, ки “моро дар пеш маъракаи муҳимми сиёсӣ -интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Аз ин рӯ, мо ҳизбиён дар интихоботи навбатӣ бо иродаи қавии сиёсӣ ва маърифати баландӣ шаҳрвандӣ иштирок намуда, ин маракаи таърихиро сарбаландона ва дар доираи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи интихоботӣ доир менамоем”.

Инчунин, оиди рӯзномаи дуюм барои иштирок дар Конференсияи ХIII ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз нохияи Ҷайҳун вакилон иборат аз 10 нафар интихоб гардиданд.

Баъди  муҳокима  ва  қабули  қарорҳои  дахлдор  аз  рӯи  масъалаҳои  рузномаи  Конференсия,  сухан  ба  намояндаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Баҳридинов Баҳманёр  дода  шуд

Қарорҳо ва масъалаҳое, ки дар Конференсия баррасӣ карда шуданд, ба манфиат ва пешрафти ҷомеа равона шуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ дар барои омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg