БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУЗ

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, мувоини раиси ноҳия Раҷабзода Меҳринисо,  Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Музаффариён Раимқул, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шарофзода Ҳомидҷон аз рӯи чор масъала доир гардид.  

Дар маҷлиси мазкур  омодагии сохторҳои ҳизбӣ ва гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва баргузории Маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ,  даъвати конференсияи XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз, баланд бардоштани интизоми дохилиҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва гузаронидани муқоисакунонии аъзои ҳизб  мавриди баррасӣ  қарор дода шуда, вакилон ба конференсияи ҳизбӣ  пешбарӣ карда шуданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg