Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ташкилоти ибтидои “Маҳаллаи Тулаганов” чорабинии ҳихбиро дар мавзӯи «Беҳтар намудани инфрасохтори деҳот баланд бардоштани некӯаҳволии мардум аст» баргузор карданд.
Масъулин дар суҳбат бо сокинон бо мақсади ҳисса гузоштан дар амалигардонии «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои ободонию бунёдкориро дар маҳали зисти худ ба роҳ монда, дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвонии «Якҷоя месозем!» фаъолона иштирок намуда истодаанд. Чунин корҳои ободонию созандагӣ минбаъд низ ба роҳ монда шуд, барои боз ҳам ривоҷу равнақ додани соҳаи кишоварзӣ, афзоиши маҳсулоти босифати кишоварзӣ талош меварзанд.
Дар рафти чорабинӣ ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ ва маводҳои антисептикӣ тақсим карда шуд.