ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Масъулин ҳангоми суҳбат бо сардорони оилаҳо иброз доштанд, ки риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили истифода аз усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи ниқоб, ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, масалан, чӣ гуна тоза шустани дастон, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист ва ғайра.
Инчунин, ба онҳо маводҳои безараргардонӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.