ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардида, дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ (ҳисоботи Роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ), даъвати конференсияи ҳизбӣ оид ба интихоби вакил ба конференсияи ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ҳусни ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба масъалаҳои маҷлис суханронӣ кард. Дар маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Темурмалик иштирок ва баромад намуд. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор гардида, вобаста ба масъалаҳои пешниҳодгардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.