ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии масъулони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Мавзуна Чориева” бо иштироки аъзо ва фаъолони ҳизб доир гардид.
Зимни баромад кормандони ҳизбӣ дар бораи ташвиқи самтҳои афзалиятноки ҳизб, ҳамчунин оид ба тарғиби сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ва ҳадафҳои бунёдкоронаи ҲХДТ изҳори ақида намуда, дар бораи тақвият бахшидани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ-“Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, муқоисакунии аъзои ҳизб ва интихоби вакил ба конференсияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ қарорҳои дахлдор қабул намуданд.