БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБЛИҒОТ БАҲРИ САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН ВА МУҚОВИМАТ БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID – 19

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳо дар ҳудуди деҳаи Роҳи Сотсиализми Ҷамоати деҳоти ба номи Калинин мулоқотҳо гузарониданд.

Мулоқот бо усули “хона ба хона” сурат гирифта, намояндагони ҳизбӣ бо ҳолати кишту кори заминҳо, гузаронидани кишти такрории заминҳои шаҳрвандон шинос гардида, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин ва риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва гузаронидани корҳои поккунию безарраргардонии манзили зист ва кӯчаю маҳаллаҳо бо сокинон суҳбатҳо гузаронида, тавсияву маслиҳатҳо доданд.

Дар рафти мулоқоту вохӯриҳо аз ҷониби намояндагон ба сокинон маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда дода шуд. 

Ҳамзамон намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Калинин” оид ба маҳалли зист ва дар ташкилоти ибтидоии “Хуррамшаҳр”-и деҳаи Роҳи сотсиализми деҳоти ба номи Калинин маҷлисҳои ҳизбӣ гузаронида, масъалаҳои рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ, муқоисакунии аъзои ҳизб ва интихоби вакил ба конференсияи ноҳиявии ҳизбро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаҳои мазкур протоколҳо тартиб дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.     

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg