БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кумитаи замини вилоят» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида ва Исоев Фаррух вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Масъулин зимни суханронӣ қайд намуданд, ки имрӯз доираи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим танҳо бо гузаронидани суҳбатҳо бо гурӯҳи муайяни одамон маҳдуд нахоҳад шуд, ин кор бояд вобаста ба талаботи муҳимтарини вазифаҳои нигаҳдории тандурустӣ пеш бурда мешавад.
Ба ҳамин тариқ дар Тоҷикистон тарзи ҳаёти солим ҳамчун як соҳаи муҳими нигаҳдории тандурустӣ сол то сол равнақу ривоҷ ёфта, омили дарозумрии одамон, кам кардани ҳар гуна бемориҳо, инчунин беҳтару мустаҳкам гардидани саломатии мардум мебошад. Дигар баромадкунандагон низ оид ба мавзӯъи мубрами рӯз андешаронӣ карданд.