ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Конференсияи XV-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон, дар ноҳияи Вахш дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш баргузор гардид.
Конференсия таҳти раисии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон гузаронида шуда, дар он Холиқзода Абдураҳим вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Зебо Бозорова, Маҳмадов Одилҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Вахш, Мирзоев Сироҷиддин директори муассисаи таҳсилотии миёнаи умумии №39, Негматов Азизулло, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Шуъбаи маориф, вакилони Конференсия, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, фаъолон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Ба рӯзномаи Конференсия масъалаҳои омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакилон ба Конференсияи Х111-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз ноҳияи Вахш мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Маҳмадов Одилҷон ба сухан баромада, иброз дошт, ки моро дар пеш маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки бо масъулияти баланд ва бо омодагии ҷиддӣ вориди интихоб гардида, кӯшиш намоем, ки ин маъракаи муҳимро сарбаландона доир намоем.
Инчунин, оид ба рӯзномаи дуюми конференсия барои иштирок дар Конференсияи ХIII ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз ноҳияи Вахш вакилон иборат аз 22 нафар интихоб гардиданд.
Қарорҳо ва масъалаҳое, ки дар Конференсия баррасӣ карда шуданд, ба манфиат ва пешрафти ҷомеа равона шуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ дар барои омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.