БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар якҷогаӣ бо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дидан намуд. Зимни боздид Раиси вилояти Хатлонро муовинони раиси вилоят, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ мекарданд.
Дар ҷараёни боздид Ҳакимзода Қурбон бо сохтмончиён ва дигар масъулин ҳамсуҳбат гардида, қаноатмандии худро аз корҳои баанҷомрасонидашуда баён карда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида, сохта ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баён доштанд.
Ёдовар мешавем, ки бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аз се ошёна ва даҳ ҳуҷраи корӣ иборат буда, бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ сохта шуда истодааст.