БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА СОКИНОН ВАРАҚАҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАСТРАС КАРДА ШУД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар биноҳои баландошёнаи кӯчаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ вохӯрӣ бо усули “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” доир намуданд.

Масъулин дар суҳбату вохӯриҳо, қайд карданд, ки барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ мардум бояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҳамеша оби ҷӯшонидашуда нӯшида, аз беҳудагардӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо худдорӣ намоянд. Ба қоидаҳои беҳдошт, махсусан бо собун шустани дастон эътибори махсус додан лозим аст. Инчунин, ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои ин беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат намудан аз чораҳои асосии пешгирии коронавирус мебошад. 

Дар охир  барои бештар маълумот гирифтан  аз бемории сироятӣ ба шаҳрвандон варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg