КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯриҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ идома ёфта истодааст.
Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Равонпизишкӣ" роҳандозӣ шуд.
Вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷроиши саривақтии обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суҳбати самимӣ доир гардид.