БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроия доир гардид.

Маҷлиси маскур таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар маҷлис ҳисоботи гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз натиҷаи фаъолият ва даъвати Конференсияи 24-уми ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои баррасӣ пешниҳод гардид.

Баъд аз тасдиқи рӯзномаи маҷлис роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқ шаҳри Кӯлоб, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод аз натиҷаи фаъолият дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Зимни баромад мавсуф қайд кард, ки дар пеш моро маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст. Аз ин лиҳоз моро лозим аст, ки аз ҳар вақта дида, фаъолтар бошем ва корҳои тарғиботиро миёни ҷомеа ҷоннок намоем.

Инчунин, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор даъват ба амал оварда шуд, ки дар маъракаи муҳимми сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо фаъолон бо як масъулияти ҷиддӣ вориди он шуда, ин маъракаи таърихиро дар сатҳи баланд баргузор намоем.

Дар охир вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардида, кори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пӯшида эълон гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg