КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни аксияи ҳизбии "Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем!" бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Кӯлоб мебошанд, амали хайриявӣ ба 150 нафар оилаҳои камбизоат, ятимону барҷомондагон бахшида ба соли нави таҳсил, аз қабили либосҳои мактабӣ, ҷузвдону пойафзол ва дигар ашёҳои хониш анҷом дода шуд.
Дар навбати худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 Шомадова Заррина миннатдории худро ба чунин ҷавонони ватандӯсту хештаншинос баён намуда, зикр карданд, ки чунин амалҳои хайриявӣ боиси рӯҳбаланд гардидани шахсони ниёзманд мегардад.