БАЛҶУВОН. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Охбулоқи ҷамоати деҳоти Тоҷикистон бо иштироки И.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғуломов Асомуддин иштирок карда, оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ суханронӣ намуда, афзуданд, ки мақсади баргузории вохӯрӣ дар якҷоягӣ бо такя ба нерӯи созандаи шумо ҷиҳати андешидани чораҳо баҳри пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, пешгирии содиршавии ҷиноят ва қонуншиканӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сирояткунанда, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ мебошад.