БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ СУБОТИ СИЁСӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИРО АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА МЕШУМОРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ёрии таъҷилӣ" доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Фирӯзи Саидмуъмин баромад намуда қайд кард, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳангӣ ва вҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояи миллии " Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо" саъю талош менамояд.

Дар ин росто таъкид шуд, ки ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифратгароӣ, терроризм, вуруди идеологияҳои харобкорон ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза бояд бурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg