БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮЗГОРОН ДАР МАШВАРАТИ АВГУСТӢ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и шаҳри Кӯлоб машварати августии омӯзгорон бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар, Сардори Раёсати маорифи  шаҳри Кӯлоб Ҳакимов Қадамшоҳ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин,  Сардори Раёсати ШКВД-и шаҳри Кӯлоб Нозимзода Файзалӣ ва директорону омӯзгорон иштирок доштанд.

Нахуст, меҳмонон баъд аз пешвозгирии хонандагон аз ҳунарҳои дастии соҳаи маориф  бахшида ба "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"  шинос шуда, ба ҳунару маҳорати волои маорифчиён  баҳои баланд доданд.

Сарравал Ҳакимов Қадамшоҳ  тамоми омӯзгоронро ба фарорасии соли нави таҳсил табрик намуда, ба ҳамаи онҳо дар ҷодаи кор барору комёбӣ таманно намуданд.

Сипас,  меҳмонон  зимни баромадҳои худ таъкид карданд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалятнок буда, омӯзгорони ин соҳа ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд  ва  ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумат қарор доранд. Имрӯзҳо мо дар марҳилае қарор дорем, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро вабои нави аср бемории сироятии коронавирус ба ташвишу нигарон кардааст, мо  бояд аз ҳарвақта дида ҳушёр бошем, ҳамзамон дар муассисаҳои таълимӣ ҳар як омӯзгор ва хонандагон зимни таҳсил бояд қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намуда, бо худ маводҳои антисептикӣ  ва ниқобҳои муҳофизатӣ дошта бошанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи мақомотҳои дахлдор омӯзгорони фаъол  бо туҳфа ва Сипосномаву  Ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg