
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир ба тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон, ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани аксияи "Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем!" бо ҷалби ташкилотҳои ибтидоӣ ба оилаҳои ниёзманд, ба шахсони яккаву танҳо ва беморону барҷомондагон, ятимон, маъбон кумакҳои моддию молиявӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Ин навбат бо дастгирии ташкилоти ибтидоии "ФРСА- минтақаи Кӯлоб" дар доираи аксияи "Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем!" ба яке аз оилаҳои ниёзманд маводи хӯрока кумак расонида шуд.
Ҳангоми аёдат, ниёзмандон барои аз ҳолу аҳволи онҳо хабардор шудану дастгирӣ намудан, ки ин пайгирӣ аз сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, изҳори сипос карданд