ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Тахти Сангин”, “Роҳи нав”, “Ҳаваскор”, “Авесто”, “Фароғат”, “Ваҳдат”, “Гулистон”, “Даво”, “Беморхонаи №3” ва “Файзи Истиқлол” бо иштироки Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён маҷлис гузаронида шуд.
Зимнан Шарифзода Маҳмадаюб ҳамагонро бо рӯзномаи ҷаласа шинос карда, дар бораи таблиғу ташвиқи барномаи ҲХДТ, интихоби вакил ба конференсияи 15-уми ноҳиявӣ, саривақт иҷро намудани нақшаи обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2021 ва омодагӣ ба интимоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иштирокдоронро барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани чорабиниҳои ҳизбӣ ҳидоят кард.
Сипас, бо дастгирии кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии болозикр вакилон ба Конференсияи 15-уми ноҳиявӣ пешбарӣ карда шуданд.