БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- РОҲНАМОИ АМАЛҲОИ СОЗАНДА

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ сар карда аз санаи 13 то 15-уми августи соли ҷорӣ  баргузории маҷлисҳо оғоз гардиданд.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Куҳандиёр” маҷлиси ҳизбӣ  доир гардида, дар он Абдуллоев Ваҳобуддин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  иштирок дошта, мавсуф вобаста ба  таблиғу ташвиқи барномаи ҲХДТ,  интихоби вакил ба Конференсияи 15-уми ноҳиявӣ ва иҷроиши нақшаи обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2021 андешаронӣ намуд. Ваҳобиддин Абдуллоев  зимни суханронӣ аз ҳар як иштирокчии маҷлис  ҷиҳати саҳм гузоштан дар амалҳои созанда ва  корҳои ободониву бунёдкорӣ  ва захираи маводи озуқа  барои ду соли оянда даъват ба амал овард.

Дар  рафти маҷлис  бошад  кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур як  нафар вакил Усмонов Бурҳонро ба Конференсияи 15-уми ноҳиявӣ  пешбарӣ  намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg