БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ АМАЛИ НОБАХШИДАНИСТ

ЁВОН.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  дар дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия Конференсияҳои амалию назариявӣ  зери унвони “ХИЁНАТ амали нобахшиданист” баргузор гардида истодааст. Чунин  як ҳамоиш  бо иштироки фаъолони Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх  баргузор гардид, ки дар он кормандони соҳаи ҳуқуқу тартибот, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ , занону ҷавонон, аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан”, имомхатибони масҷидҳо ва дигарон  ҷалб карда шуданд. Аз рӯйи мавзўи матраҳгардида мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси ноҳия Файзиддини Муҳаммадӣ, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 Сироҷиддинова Дилафрӯз, директори Кохи фарҳанги ноҳия Мусулмони Саидмурод,  сархатиби ноҳия Раҷабов Эмомиддин ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат андешаронӣ намуданд.

Дар ҳақиқат имрӯз миллати сарбаланди тоҷик чеҳраи воқеъии хоинони миллатро хуб шинохтаанд ва чунин душманони сулҳу ваҳдати миллӣ  дигар наметавонанд, ки бо фиребу найранг ва ваъдаҳои бардурӯғи мардуми тоҷик, аз ҷумла ҷавононро гумроҳ намуда, шомили ҳар гуна гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ гардонад.

Филми мустанади “Хиёнат” пардаро аз рӯи ин хиёнаткорон бардошта, бори дигар амалҳои ноҷавонмардонаеро, ки онҳо дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардум овардаву сабабгори сар задани ҷанги шаҳрвандӣ  дар мамлакат гардида буданд,  ошкор сохт.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg