
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати Молия” хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ доир гардида, дар он масъулин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла мавҷи дуюми бемории коронавирус, корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ ва омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, аз иштирокдорон ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар давраи интихобот, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар даъват ба амал оварданд.. Инчунин, ба онҳо доир ба масъалҳои муҳими рӯз варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, таъкид гардиданд, ки барои ҳифзи солимии худ ва ҷомеа аз тавсияҳои дар варақаҳо овардашуда васеъ истифода баранд.