
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба низом даровардани корҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ гузаронида шуд.
Дар маҷлисҳо ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ масъалаҳои рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, муқоисакунии аъзои ҳизб ва интихоби вакил ба конференсияи ноҳиявии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои ҳалли масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Баъди баррасии масъалаҳои маҷлис кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба масъалаҳои тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ суҳбатҳо доир намуда, бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат бо пандемияи “Covid 19” ба мардум дастуру маслиҳатҳо ва тавсияҳо пешниҳод намуданд.