![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200807_100547.jpg?itok=N-VmfVsv)
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба сокинон барои захира намудани маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол ва пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Барои пурзӯр кардани мубориза бо бемории коронавирус, махсусан доир ба риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, шустани дастон бо собун, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар кӯчаю бозорҳо тавсияҳои катъӣ дода шуданд.