БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ҲИФЗИ САЛОМАТӢ ТАЛОШ БОЯД КАРД

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии Ҷамоати деҳоти Ваҳдат барои самаранок истифода бурдани ҳар як қитъа замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ва пешгирии бемории коронавирус  бо  усули  «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро  ба роҳ монданд.

Намояндагони ҳизбӣ  дар суҳбатт бо сокинон  доир ба  истифодаи самараноки қитъаи заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ва дигар намуди заминҳо, кишти такрории саривақтӣ,  ҳосилнок намудани зироатҳо ва риояи омилҳои  пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди коронавирус андешаронӣ карда, ҳамагонро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, баланд бардошани ҳосилнокии  замин ва аз ин ҳисоб таъмини маводи озуқаворӣ ҳидоят намуданд.  Дар охири чорабиинӣ ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ  ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg