ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби пешгирӣ аз бемории коронавирус, ҳамзамон ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Ваҳдат дар кӯчаи ба номи Аишер Навоӣ бо усули «хона ба хона» бо сокинон суҳбату вохўрии таъсирбахш баргузор намуданд. Масъулини ҳизбӣ дар чорабинии мазкур оид ба роҳҳои гузариши коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ намудани онро ба сокинон фаҳмониданд. Дар рафти суҳбатҳо диққати асосӣ ба пешгирии беморӣ, яъне риоя намудани гигениаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ зоҳир гардида, аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии ҳавливу лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд.
Сипас, кормандони ҳизбӣ бори дигар таъкид карданд, ки заминҳои кишоварзие, ки дар ихтиёри худ доранд, бояд самаранок истифода бурда, дар як сол зиёда аз се чор ҳосил ба даст оранд.
Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани шаҳрвандон аз ин бемории хафнок ба онҳо ва чи гуна истифода бурдани маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас карда шуд.