БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН БУҶАИ ОИЛАРО ҒАНӢ МЕГАРДОНАД

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо усули «хона ба хона» дар кӯчаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Ваҳдат гузаронида шуд.

Масъулини Кумитаи иҷроия  дар рафти вохӯрӣ  оид ба пешгирии бемории сироятии Covid-19 ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбатҳо доир намуда, қайд карданд, ки  истифодаи  оқилонаи замин  буҷаи оиларо ғанӣ гардонда, зиндагии шахсро  бо  маводи ғизоӣ таъмин месозад. Инчунин, вобаста ба  пешгирии бемориҳои сироятӣ андешаронӣ карда шуда, масъулин зикр намуданд, ки  пешгирӣ  беҳтар аз табобат аст ва мову шуморо зарур аст, ки риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва анҷом додани амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятиро ҳатман ба ҷо орем, худ ва наздиконамонро аз ин беморӣ ҳифз намоем. Дар охир аз ҷониби масъулин ба сокинон  варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg