БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Хушодии ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳия бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.

ХУРОСОН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғуломов Саидасрор дар  ташкилоти ибтидоии “Чароғак” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон оид ба баргузории Конфренсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи «Пешгирии терроризм ва экстремизми хушунатомез»,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати пешгирифтаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷоннок намудани кору фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, пурзӯр намудани кору фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, инчунин дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Баъд аз баргузории вохӯрӣ масъулин бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, ташкили шиору овезаҳои ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Чароғак” шинос гардида, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg