ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, бо ҷалби волонтёрон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин васеъ ба роҳ мондааст. Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи Истиқлол-2 бо усули «хона ба хона» баргузор карда шуда, дар ин чорабинӣ волонтёрон дар якҷоягӣ дар манзилҳои истиқоматии сокинон суҳбат гузаронида, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ бо навиштаҷотҳои қоидаҳои муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ, инчунин ниқобҳои муҳофизатиро дастрас карданд. Дар баробари ин ба сокинон вобаста ба самаранок истифода бурдани ҳар порча замин ва аз он рӯёнидани ду-се ҳосил дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.