ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши ҷавонон ва варзиш” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлиси ғайринавбатии ташкилоти ибтидоии “Бахши ҷавонон ва варзиш” бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил ва мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Шарифзода Суннатулло баргузор гардид.
Нахуст, Исмоил Ҷалилов баромад намуда, изҳор дошт, ки ҲХДТ фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, имрӯзҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар нақши арзанда гузошта истодааст.
Ҳамзамон, Шарифзода Сунатулло дар сухарононии худ қайд намуд, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешсаф ва сернуфузи ҷомеа ҷойгоҳи сазовори сиёсӣ ва ҷамъиятӣ пайдо кардааст. Мо ҷавононро зарур аст дар пайравӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам шукуфон шудани Ватани-маҳбубамон бо амалу иқдомҳои созанда талош варзем.